Хониши сиёсӣ: ҳақиқати таърихии баҳси марзӣ

Дар факултети таърих ва ҳуқуқ ин навбат хониши сиёсӣ ба баррасии мақолаи сиёсатшинос Абдуллои Раҳнамо таҳти унвони “Муноқишаҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон. Кӣ дар ҳақиқат таҷавузкор аст?” бахшида шуд.

Иброҳим Ҷабборов, декани факултет доир ба мазмун ва муҳтавои мақолаи мазкур ибрози назар намуда, барои донишҷӯён нуктаҳои муҳим ва фактҳои асосиро шарҳ дод.

Таъкид гардид, ки мақолаи мавриди назар дар асоси ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва факту рақамҳои воқеӣ таҳия гардида, асосҳои ҳуқуқӣ ва қонунии баҳси марзиро равшан намудааст.

Гуфта шуд, ки омӯзиши маводи мазкур имкон медиҳад, ки ҳақиқати таърихӣ вобаста ба марз дарк гардида, ҷониби аслии таҷовузкор шинохта гардад.

Ҳадаф аз иқдоми мазкур баланд бардоштани саводи сиёсӣ ва ҳуқуқии донишҷӯён унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ