​“Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” муайян шуд!

Санаи 29-уми майи соли 2024 дар толори китобхонаи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷиҳати иҷрои амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (аз 12 декабри соли 2023, №АП-470) даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” баргузор гардид.

Озмун бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷиистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими Ваҳдати миллӣ, эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, тақвияти қобилияти кордониву роҳбарӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи Мактаби давлатдории Пешвои миллат миёни қишри ҷавони аҳолии кишвар, бахусус донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ доир гардида истодааст.

Дар марҳилаи донишгоҳии озмуни мазкур наздик ба 50 нафар магистранту донишҷӯ иштирок намуд.

Озмун шаффоф ва дар сатҳи баланд гузаронида шуда, дар натиҷа Ҳоҷиев Фарҳод магистранти курси дуюми факултети таърих ва ҳуқуқ - ҷойи 1, Сайдалиев Шоҳрух донишҷӯи курси дуюми факултети таърих ва ҳуқуқ-ҷойи 2, Мирзоева Лола донишҷӯи курси сеюми факултети забонҳои хориҷӣ –ҷойи 2, Маҳмадзода Абубакр донишҷӯи курси сеюми факултети таърих ва ҳуқуқ - ҷойи 3,Бобоҷонзода Расулҷон донишҷӯи курси дуюми факултети таърих ва ҳуқуқ-ҷойи 3 ва Атамуродова Дилшода донишҷӯи курси дуюми факултети таърих ва ҳуқуқ-ҷойи 3 –ро сазовор гардиданд. Ҳамчунин Ваҳҳобова Биомина донишҷӯи курси сеюми факултети филологияи тоҷик, Бобоёрзода Рухшеда донишҷӯи курси якуми факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус ва Исмоилзода Зуҳайл донишҷӯи курси якуми психология ва таҳсилоти томактабӣ мақоми ифтихориро ба даст оварданд.

Ғолибон ба даври ҷумҳуриявии озмун пешниҳод карда мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ