Хизмати шоиста: тақдир аз заҳматҳои устодон

Имрӯз, санаи 7 сентябри соли 2023 ба муносибати 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чорабинии тантанавӣ доир гардид.

Дар доираи ин ташаббус як қатор устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо медали Хизмати шоиста сарфароз гардиданд.

Аз ҷумла, Азиза Мансурова – дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣ, Муминҷон Шамсидинов – дотсенти кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахти факултети физика ва техника, Рустам Юлдошев – дотсент, директори Осорхонаи донишгоҳӣ, Зикрулло Раҳмонов – дотсенти кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус, Муродӣ Низомиддин – профессори кафедраи забонҳои форсӣ ва хитоии факултети забонҳои шарқ, Насиба Эшонова – сармуаллими кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқии факултети санъати тасвирӣ ва дизайни донишгоҳ барои комёбиҳои меҳнатӣ бо медали Хизмати шоиста қадр шуданд.

Мукофоти давлатиро ба устодони донишгоҳ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилоят тақдим намуданд.

Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ аз афзоиш ёфтани теъдоди мукофоти давлатии устодон хушҳол буда, ба ин муносибат табрик ва дар иҷрои рисолати касбӣ барору тавфиқ таманно доранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ