Хизмат ба Ватан қарзи шаҳрвандӣ
Дар толори факултети таърих ва ҳуқуқ бо мақсади шиносоии бештари ҷавонони синни даъватӣ аз шароиту имкониятҳои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ вохӯрь баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба тарбия, доктори илмҳои таърих, профессор - Аюб Усмонзода, мудири шуъбаи тарбия, дотсент - Бахтиёр Шомирзоев, мудири шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд - Муродҷон Раҷабов, сардори шуъбаи даъвати Комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд, подполковник - Шамсиддин Шамсиддинзода, декани факултети таърих ва ҳуқуқ, дотсент Иброҳим Ҷабборов ва ҳайати устоду донишгоҳва хатмкунандагони донишгоҳ иштирок намуданд.
Нахуст, профессор Аюб Усмонзода ба сухан баромад зикр дошт, кидӯстдории Ватан ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ аз худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву меҳанпарастии ҷавонон сарчашма мегирад. Пас аз ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар кишвар бо дастгирӣ ва пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити вазнин таъсис ёфта, ҳоло ба як ниҳоди пурқудрат мубаддал гардидааст.
Зикр гардид, ки ҳоло дар сар то сари Тоҷикистони азизу маҳбубамон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароит ва имкониятҳо фароҳам оварда шудааст.
Мудири шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд Муродҷон Раҷабов ва сардори шуъбаи даъвати Комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд, подполковник Шамсиддин Шамсиддинзода ба сухан баромада, ба ҳозирин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», ки аз 29-уми январи соли 2021, таҳти № 1753 ба имзо расидаат шарҳу тавзеҳ дода шуд. Зикр гардид, ки тарҳи нави қонуни мазкур як қатор имтиёзу имконият ва шароитҳоро барои иҷрои бомуваффақонаи хизмати ҳарбӣ фароҳам овардааст.
Декани факултети таърих ва ҳуқуқ, дотсент Иброҳим Ҷабборов, устоди донишгоҳ ва номзади илмҳои таърих, дотсент – Шавкат Шарипов аз таърихи ташаккулёбии Артиши миллӣ, вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, қарзи фарзандӣ будани хизмати Модар-Ватан, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини сулҳу осоиштагии Тоҷикистони маҳбуб ибрози андеша намуданд.
Дар интиҳои вохӯрӣ хатмкунандагони донишгоҳ ба намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд саволҳои худро пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил