​Ғолибони озмунҳо қадр шуданд

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом маросими қадршиносии озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ сурат гирифт.

Ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода дастовардҳои устодону донишҷӯёнро давоми нимсолаи аввали соли таҳсили 2022-2023 шоистаи таҳсин унвон намуда, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятиро табрик гуфт.

Таъкид гардид, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо шогирдони шоиставу арзанда, ки ҷиҳати баланд бардоштани нуфузи донишгоҳ нерӯ ва маҳорати худро равона мекунанд, ифтихор дорад.

Профессор Аюб Усмонзода аз ташаббусҳои раёсати донишгоҳ дар самти татбиқи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҷавонон хотиррасон гардида, аз тадбирҳои судманд вобаста ба фароҳам овардани шароити арзанда баҳри иштирок дар озмунҳо таъкид дошт.

Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятиро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд табрик гуфта, аз нақшу мақоми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва давлат таъкид дошт.

Гуфта шуд, ки масоили марбут ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти ҷавонон дар меҳвари сиёсати Ҳукумати мамлакат ва Пешвои муаззами миллат қарор дошта, эълон гардидани силсилаи озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар самтҳои гуногун далели таваҷҷуҳ ва ғамхории мақомоти олии кишвар нисбат ба намояндагони насли ояндасоз аст.

Дар идома дар вазъияти тантанавӣ ғолибони озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” бо мукофотҳои пулӣ ва сипоснома қадр гардиданд.

Ҳамзамон, ғолибони даврии ҷумҳуриявии озмун ба муносибати 225 – умин солгарди зодрӯзи классики бузурги рус – Александр Сергеевич Пушкин ва 190 солагии романи назми ӯ “Евгений Онегин”, мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол байни духтарон, озмуни вилоятии “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони Суғд”, “Донишҷӯи сол – 2022”, озмунҳои донишгоҳии “Луғатдон”, ва “Иншои беҳтарин” бо туҳфаҳои арзанда сарфароз гардиданд.

Як қатор волидони ғолибони озмунҳо низ ҷиҳати тарбияи фарзандони шоиста бо туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ шуданд.

Дар фарҷом китоби “Тоҷикон”- и академик Бобоҷон Ғафуров ба саҳна бароварда шуда, ҷиҳати иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон-оинаи таърихи миллат” муҳассилини донишгоҳ даъват шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ