​Ғолибони озмуни “Ҳуқуқдони беҳтарин” муайян шуданд

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни донишгоҳии “Ҳуқуқдони беҳтарин” ҷамъбаст гардид. Озмуни мазкур дар доираи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ҷиҳати баланд бардоштани сатҳидониши ҳуқуқӣ, ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ дар доираи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ ва худшиносии ҳуқуқӣ дар байни донишҷӯён роҳандозӣ гардид.

“Ҳуқуқдони беҳтарин” миёни донишҷӯёни курсҳои 1-5 дар ду давр баргузор шуд. Дар даври якум аз 18 факултетҳои донишгоҳ 45 нафар иштирок намуда, 17 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи хулосаи ҳакамон Турдиев Суҳроб, донишҷӯи курси 5-уми факултети таърих ва ҳуқуқ ҷойи аввал, Ҷабборова Ирода, донишҷӯи курси 2-юми факултети таърих ва ҳуқуқ, Турсунов Ҷонибек, донишҷӯи курси 5-уми факултети таърих ва ҳуқуқ ҷойи дуюм, Фатҳуллоева Шукрона, донишҷӯи курси 2-юми факултети таърих ва ҳуқуқ, Сатторзода Шаҳноза, донишҷӯи курси 1-уми факултети филологияи тоҷик ва Холиқова Мафтуна, донишҷӯи курси 3-юми забонҳои хориҷӣ ҷойи сеюмро сазовор шуданд.

Ғолибони озмун бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр хоҳанд шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ