​Ғолибони озмуни “Килки заррин – 2021” қадр шуданд

Имрӯз дар толори Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ маросими ҷамъбастии озмуни донишгоҳии “Килки заррин-2021” доир гардид.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ғолибони озмунро табрик гуфта, ба масъулини раёсату шуъба, факултет ва кафедраҳои донишгоҳ, ки дар озмуни мазкур мақоми ифтихориро соҳиб шудаанд, диплому мукофотпулӣ тақдим намуд.

Ҳамин тавр, аз рӯи номинаи “Инъикосгари беҳтарин дар раванди фаъолият” мақоми якум насиби раёсати илм ва инноватсия, мақоми дуюм сазовори шуъбаи тарбияи донишгоҳ ва мақоми сеюм насиби раёсати таълим ва шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ гардид.

Аз рӯи ҳамин номина миёни сохторҳои донишгоҳ ҷойи якумро шуъбаи кор бо ҷавонон, ҷойи дуюмро китобхонаи илмӣ ва ҷойҳои сеюмро шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ва шуъбаи таҷрибаомӯзӣ соҳиб шуданд.

Ҷиҳати ба даст овардани натиҷаҳои баланд дар самти иттилоот ва таҳлил факултетҳои забонҳои шарқ (ҷойи якум), забонҳои хориҷӣ (ҷойи дуюм) ва таърих ва ҳуқуқ, инчунин филологияи тоҷик (ҷойи сеюм) ғолиб дониста шуданд.

Бо нишон додани фаъолнокӣ дар самти ҳамкорӣ бо Маркази иттилоот ва таҳлил дар бахши “Кафедраи беҳтарин” мақоми якумро кафедраи барномарезии факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ ва мақомҳои дуюмро кафедраи назария ва амалияи забони англисӣ ва ҳамчунин кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ сазовор гардиданд.

Мақомҳои ифтихории “Кафедраи умумидонишгоҳии беҳтарин” – ро масъулини кафедраҳои сиёстшиносӣ – мақоми якум, педагогикаи умумӣ – мақоми дуюм ва кафедраи умумидонишгоҳии информатика мақоми сеюмро ишғол намуданд.

Хайёмиддин Исмоилов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ аз рӯи таҳияи барномаи телевизионии “Амният ва ҷомеа” ғолиби номинаи “Пурбинандатарин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ” гардид.

Дар номинаи “Пурхонандатарин хабари донишгоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ” бошад, мақоми якумро масъулини шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ соҳибӣ карданд.

Дар номинаи “Беҳтарин барномаи телевизионӣ” мудири студияи телевизионии “Фурӯғ” – Исфандиёр Ҳайитов ҷойи якум, Салимҷон Саидов – ҷойи дуюм ва Даврон Исобоев, Тоҳирҷон Каримҷоновҷойҳои сеюмро насиб шуданд.

Ҳамзамон, як қатор устодони донишгоҳ бо нашри шумораҳои бештари мақолаҳо дар матбуоти даврӣ бо диплому мукофотҳои пулӣ қадр гардиданд.

Дар номинаи “Беҳтарин таблиғгари донишгоҳ дар матбуоти даврӣ” профессор Нуралӣ Нуров соҳиби мақоми якум, Иброҳим Ҷабборов, декани факултети таърих ва ҳуқуқ ва Собиров Мурод, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризм сазовори мақоми дуюм ва Шарифиён Муқаддас, декани факултети психиология ва таҳсилоти томактабӣ соҳиби мақоми сеюм шуданд.

Ғолибият дар номинаи “Чеҳраи расонаии донишгоҳ” – ро ҷиҳати ҳамкории судманд ва мунтазам бо воситаҳои ахбори Ислом Раҳимов, декани факултети забонҳои шарқ (ҷойи 3), профессор Нуралӣ Нуров (ҷойи 2) ва Ҳусейн Зайтметов, мудири кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбии факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ (ҷойи 1) соҳиб гардиданд.

Инчунин, бо Ифтихорномаи маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” Шаҳноза Зарипова, сармуаллими кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи факултети филологияи тоҷик сарфароз гардид.

Хотиррасон мекунем, ки озмуни донишгоҳии “Килки заррин -2021” тибқи Қарори Шӯрои олимони донишгоҳ бо ташаббуси Маркази иттилоот ва таҳлил аз рӯи ҳашт номина ба роҳ монда шуда, ҳадаф аз он ғанӣ гардонидани фазои иттилоотии донишгоҳ, муаррифии дастовардҳои равандҳо ва таҳкими фаъолияти донишгоҳ дар раванди иттилоот ва таҳлил унвон мешавад.

Интизормеравад, ки озмуни мазкур минбаъд ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор хоҳад гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ