​Ғолибони озмун қадр шуданд

Озмуни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Коррупсия-таҳдид ба рушди кишвар”, ки ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия эълон гардида буд, ҷамъбаст шуд.

Маросими ҷамъбастии озмун ва қадршиносии ғолибон дар доираи конференсияи илмӣ-амалӣ, ки имрӯз дар толори раёсати донишгоҳ доир шуд, сурат гирифт.

Ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода ғолибонро табрик гуфта, ҳадаф аз ин ташаббусро сазовор пешвоз гирифтани Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия, баланд бардоштани саводи ҳуқуқӣ ва сиёсии муҳассилини донишгоҳ унвон намуд.

Дар доираи озмун аз рӯи аз рӯи ду номинатсия: мақолаи беҳтарин ва расми беҳтарин ғолибон муайян ва қадр шуданд.

Аз рӯи номинатсияи расми беҳтарин донишҷӯён - Мирзобоева Дилором, Ахмедова Саиднисо, Эшонова Нодирахон, Маҳмудзода Нигора, Ғаффорова Сарвиноз, Ҷамолов Улуғбек ва аз рӯи номинатсияи мақолаи беҳтарин - Тӯхтаева Маҳноза, Раззоқов Фарзин, Сайҳуни Алиҷон, Муҳаммадиев Зайниддин, Тоҷибоева Муҳаббат, Абдураҳимов Ҷасурбек ва Ҳакимов Ихтиёр ғолиб дониста шуданд.

Ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ