Ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” қадршиносӣ шуданд
Дар доираи чорабинии тантанавӣ, ки дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд доир гардид, ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз ҷониби раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қадр шуданд.
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 20 мақоми намоёнро соҳиб гардид. Аз ҷумла, дар ин даври озмун 3 ҷойи аввал, 9 ҷойи дуюм ва 8 ҷойи сеюм насиби донишҷӯёни донишгоҳ гардид.
Маврид ба зикр аст, ки дар озмуни мазкур донишҷӯёни донишгоҳ аз рӯйи панҷ номина - адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср иштирок намуданд.
Ба ғолибон диплом ва мукофоти пулӣ супорида шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил