​Ғолибияти факултети санъати тасвирӣ ва технология дар Спартакиадаи XXXI “Саломатӣ”

Бо мақсади баланд бардоштани маҳорати варзишӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардони варзиш миёни ҷомеа аз санаи 18-ум то 27-уми январи соли равон байни устодону профессорон ва кормандони донишгоҳ мусобиқаҳо варзишӣ аз рӯи намуди шоҳмот, шашка, дартс, тенниси рӯи мизӣ ва баскетбол дар толорҳои варзишии факултети тарбияи ҷисмонӣ гузаронида шуда, қисме аз мусобиқаҳо ҷамъбаста гардида, ғолибон муайян шуданд. Аз ҷумла, дастаи мардони факултети санъати тасвирӣ ва технология дар бозии баскетбол ба ҳамаи дастаҳои факултетҳои донишгоҳ ғолиб омада, сазоври ҷойи аввал гардиданд. Мувофиқи натиҷаи мусобиқа дастаи факултети математика ба гирифтани мақоми 2-юм ва дастаи факултети иқтисодӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ