ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

Роҳбарият ва ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» бо камоли ифтихор ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро барои дастовардҳои шоиставу ифтихорофаринашон самимона табрик менамоянд.

Бо шарафу ифтихори баланд иттилоъ дода мешавад, ки донишҷӯёну магистрантони фаъолу китобдӯсти ин боргоҳи илму маърифат дар даври ҷумҳуриявии озмун бо нишон додани маҳорати баланд ва ҳофизаи қавӣ миёни беҳтаринҳо ҷойгоҳи сазовор касб намуданд:

Бобобекзода Фараҳноз – магистранти курси 1-уми факултети филологияи тоҷик, сазовори ҷойи I дар номинатсияи «Адабиёти классикӣ» гардид.

Маҳмудӣ Париноз – донишҷӯйи курси 3-юми факултети забонҳои хориҷӣ, сазовори ҷойи II дар номинатсияи «Адабиёти муосир» дониста шуд.

Ризоева Манижа – магистранти курси 2-юми факултети забонҳои шарқ, сазовори ҷойи II дар номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон» ғолиб омад.

Ин дастоварди шоиста боз як далели равшани меҳнатдӯстӣ, китобдӯстӣ ва сатҳи баланди донишҳои илмӣ-адабии донишҷӯёни Донишгоҳ буда, чунин муваффақиятҳо нуфузу ҷойгоҳи муассисаро дар арсаи илмӣ-фарҳангии кишвар боз ҳам баланд мебардорад.

Ба ғолибон ва иштирокчиёни даври чоруми Озмун дар роҳи илму эҷод комёбиҳои нав, пешрафтҳои бештар ва дастовардҳои боз ҳам бузургро таманно дорем.

Ғолибият муборак бошад!

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ