Гиромидошти забони давлатӣ
Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ бо ҷалби донишҷӯёни гурӯҳи 205 факултети филологияи тоҷик ҷамъомад доир гардид.
Ташаббуси мазкур таҳти унвони “Забон донӣ -ҷаҳон донӣ” ба роҳ монда шуд.
Гуфта шуд, ки донистани ин ё он забон ба кас имконият медиҳад, ки аз бурду бохт, имконияту вазъият ва камбудию талаботҳои рӯзмарраи ҳаёт огоҳ гардад.
Дар доираи чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён дар васфи забон шеъру гуфтор қироат шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил