Гиромидошти шахсиятҳои бузурги миллат дар Паёмҳои Пешвои миллат
Яке аз масъалаҳое, ки пайваста дар Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мегардад, ин ҳам бошад таваҷҷӯҳ ба мероси гаронбаҳо ва шахсиятҳои таърихию фарҳангии миллати куҳанбунёди мо мебошад. Зеро Пешвои миллат аз рӯзҳои нахустини фаъолияти хеш ба шахсиятҳои бузурги миллати мо эҳтирому эътиқоди хосае зоҳир менамуданд. Дар воқе, миллати ифтихоровари тоҷик дар ҳама давру замон бо фарҳангу тамаддун, донишу хиради воло ва аз ҳама бештар бо донишварону фарзонагони хеш барои пешрафту дигаргуниҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми арзандае гузоштааст. Ҳақиқатан дар домони пурфайзи модари тоҷик фарзонагону нухбагони зиёде дар тўли таърих парвариш ёфтаанд. Онон бо вуҷуди пурбаракоташон, натанҳо ҷаҳону зиндагии хеш, балки ба ҳаёти ҳазорон-ҳазор афроди дигар нуру сафо бахшида, аз замони зиндагияшон то ба имрўз ному осорашон вирди забонҳост. Имрўз дар ҷаҳони муосир мо шоҳиди он мегардем, ки қавму миллатҳои гуногун аз як мероси бисёр кучак ва ё аз донишмандони камтарини худ ба ҷаҳон садо баланд намуда, фахрфурўшӣ мекунанд. Аммо барои миллати азизи мо зарур ҳам нест, ки дар назди ҷаҳониён бо ҷидду ҷаҳд аз асилзодагону мероси гаронбаҳоямон ҳақталошиҳо намоянд. Зеро ҷаҳониён кайҳо ба мероси гаронбаҳо ва фарзонагони миллати мо сари таъзим фуруд оварда, бар онанд, ки ин миллат дорои табъу сиришти азалӣ ва қобилияти фитрии волое мебошад. Дигар аз омилҳои эътирофу эътиқоди ҷаҳониён ба миллати тоҷик ва фарҳанги беназиру нухбагони илму ситорагони осмони адаби он ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва заҳмату талошҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пешвои муаззами мо аз оғози сарварии хеш ҳамеша ба меросу фарҳанги гузашта ва шахсиятҳои баруманди миллатамон таваҷҷўҳи хосае зоҳир менамуданд ва далели ин гуфтаҳо таҷлилу ҷашнҳои абармардоне амсоли Абўабдуллоҳ Рўдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯали ибни Сино, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ, Имоми Аъзам, Сайфиддини Исфарангӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Туғрали Аҳрорӣ ва даҳҳои дигар мебошанд. Маҳз таваҷҷўҳи зиёди Пешвои миллат ба гузаштаи пурифтихор ва абармардони бузурги илму адаб буд, ки китоби арзишманди эшон бо номи «Чеҳраҳои мондагор» дар таҳрири нав ба нашр расид, ки дар он 30 нафар аз бузургони илму адаби тоҷик гирдоварӣ шуда, маълумотҳои сўдманду арзишманде дар он дарҷ гардидааст.
Китоби “Чеҳраҳои мондагор” зиндагинома ва корномаи симоҳои барҷастаи миллат – маҳсули омӯзиш, мушоҳидаҳо ва хулосаҳои саҳеҳи илмии Пешвои миллат дар бораи таърих, тамаддун, нақши шахсиятҳо дар таърих ва роҳҳои бардошти сабақи таърихӣ аз он
мебошад. Ин китобро метавон таърихномаи корнамоиҳо ва сарфарозиҳои халқи тоҷик, баёнгари фарҳанг ва тамаддуни таърихи беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон, китоби худшиносӣ ва худогоҳии миилли мардуми тоҷик ва сабақи таърихӣ барои имрӯзиён ва фардоиён аз бурду бохт пастиву баландии роҳи тайкардаи мардуми сарбаланди тоҷик ба шумор овард. “Чеҳраҳои мондагор” дар ҳақиқат беҳтарин намунаи осори таърихӣ чи аз лиҳози мазмуну мундариҷа ва чи аз назари сабку услуб ва шеваи таҳқиқ мебошад. Воқеан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таълифи китоби «Чеҳраҳои мондагор» бори дигар мо ҷавононро водор намуданд, ки ба гузаштаи пурифтихор ва олимону донишварони гузаштаи миллат таваҷҷўҳ намуда, аз корномаҳою осори эшон баҳра бардорем. Дар муқаддимаи китоб сабаби таваҷҷӯҳи зиёди худро ба гузаштаи миллат чунин қайд намудаанд: “Рӯ овардани ман ба таърих ва симоҳои барҷастаи халқамон боз ба он хотир мебошад, ки мо бояд ба ояндагон зарурати донистани гузаштаи худро талқин намоем ва онҳоро аз саҳифаҳои дурахшони миллатамон, ки сабақи бузурги худогоҳӣ мебошанд, огоҳ созем ва дар қалбашон меҳру муҳаббат, садоқату вафодориро бедор намуда, ба онҳо аз ин таърихи пуршараф ифтихор карданро ёд диҳем. Зеро эътиқод ва эътимод доштан ба таърих, фарҳанг ва адабиёт такягоҳи устувори миллат ба шумор меравад”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханронӣ ва Паёмҳои хеш пайваста таъкид менамоянд, ки насли ҷавони мо бояд аз корномаҳои шахсиятҳои бармумандамон ибрат бигиранд ва мероси гаронбаҳое, ки аз онон ба ёдгор мондааст бештар омўзанду барои пешрафти ояндаи миллату давлати хеш саҳмгузор бошанд. Ҳукумати Тоҷикистон ва хоса Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз пайи тарбияи кадрҳои ҷавону соҳибистеъдод мебошанд.Чунонки дар суханронии хеш ба Маҷлиси олии кишвар санаи 22-уми декабри соли 2016 чунин қайд намуда буданд: «Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикиситон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерўи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд». Аз ин рў, метавон гуфт, ки Пешвои хирадманди мо бо назари дурбинона ва сиёсати созандаи хеш дарк намудаанд, ки ҷавонон ояндаи миллату давлат буда, дар айёми ҷавонӣ омўхтану дар ҷодаи илму дониш гом бардоштани онон самараи хуб дорад.
Дар Паёмҳои хеш Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки миллати тоҷик ифтихор аз он дорад, ки фарзонагону нобиғаҳои ў беҳтарин дурдонаҳои назму насрро ба хазинаи маърифати ҷаҳон арза доштааст. Ин миллати сарсабз аз давраҳои хеле қадим дарёфта буд, ки наҷоти аҳли башар ва зиндагии шоиста дар омўхтани илму ҳикмат ба даст меояд.
Сабаби асоси рӯй овардани Пешвои миллат ба шахсиятҳои бузургӣ миллати тоҷик ва осору корномаҳои онон дар Паёмҳои хеш бар он аст, ки дар осори пурғановати шоирони классики мо дар бобати ҳамаи мавзуҳои муҳим шеър суруда шудааст.
Дар маҷмуъ бояд қайд намуд, ки мо ҷавонон дар омўхтани илму дониш ва пажўҳиши мероси гаронбаҳои хеш камари ҳиммат бандем ва қадамҳои устувору мустаҳкам дар ҷодаи илм гузорем. Дар ҷавоби ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафту гулгулшукуфии миллати азизамон саҳми худро гузорем ва Тоҷикистонро боз ҳам ободу зебо гардонем.
Азизов Сорбон, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров