​Форуми ректорони Осиёи Марказӣ

Дар Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобии шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон нахустин Форуми байналмилалии ректорони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро дар Форуми мазкур Рухсора Давлатзода, муовини ректор оид ба робитаҳои байнламилалӣ намояндагӣ намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар форум аз муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ва филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Дар доираи ҷаласаи Форум масоили марбут ба таҳсилоти олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, перомуни он масъулини муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маърӯзаҳо ироа доштанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ҷараёни ин ташаббус Рухсора Давлатзода, муовини ректор оид ба робитаҳои байнламилалии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо масъулинимуассисаҳои таҳсилоти олии як қатор ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ мулоқот анҷом дода, масъалаҳои таҳкими ҳамкории ҷонибҳоро муҳокима намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ