​Филолгияи ӯзбек: "Конститутсия – бахтномаи миллат"

Ин мавзуъ зимни чорабинии тарбиявӣ, ки дар толори факултети филологияи ӯзбек бо ташаббуси кафедраи филология ва методикаи таълими он доир гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Чорабинии мазкур ба муносибати 30-юмин солгарди қабули қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода сурат гирифт.

Ректори донишгоҳ дар мавриди моҳият ва мундариҷаи қонуни асосии миллат таъкид дошта, зикр намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фароҳам овардани фазои осоиштаву босубот, таъмини сартосарии сулҳу ваҳдати миллӣ, барқарор намудани муносибатҳои судманди байналмилалӣ ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст.

Гуфта шуд, ки ҳамасола дар таърихи 6 ноябри соли 2024 дар кишвари мо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи шоиста таҷлил мегардад, ки нишон аз арҷгузорӣ ва гиромидошт ба қонуни асосии мамлакат унвон мешавад.

Дар идома номзади илмҳои таърих, дотсент Абдукаримов Ҷамолиддин ва мудири кафедраи забони ӯзбекӣ ва методикаи таълими он, дотсент Шеронов дар бораи таърихи пайдоиши Конститутсия ва марҳилаҳои гузариши он, ворид гардидани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия ва мақоми он дар ҷомеаи имрӯза маърӯза намуданд.

Декани факултет дотсент Ҷабборов Баҳром зимни суханронӣ таъкид дошт, ки Конститутсия ҳуҷҷати тақдирсози миллати мо буда, донистани моҳият ва риояи меъёрҳои он қарзи шаҳрвандии ҳар яки мо мебошад.

Дар фарҷоми чорабинӣ донишҷӯён оид ба унвону мазмуни боб ва моддаи Конститутсия маълумот дода, дар васфи Ватан гуфтору шеърҳо қироат намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ