​Фасодиро ҷарроҳӣ бояд!?

Организмҳо дар ҷӯшу хурӯшбудаи ҷомеа ҳамчун организми фарди алоҳидаи инсони бошуури дар азму талошбуда доимо дар мубориза барои ҳаёт дар сайёра ғайрату кӯшиш менамоянд ва дар ин арсаи зиндагӣ дучори бурдбориву нокомӣ, комёбиву шикастҳо ва ҳам бемориҳои гуногун мешавад. Аҷиб он аст, ки бемории фардро гар табибон ташхис кунанду даво бахшанд, бемории ҷомеа натиҷаи бархурди андешаю ақидаҳои гурӯҳи мутаффакирон мебошад, ки чанде сиёҳдилу чанде покдилу ғамхор мебошанд. Мутаффакирони сиёҳдил, ки худ сабабгори бемории ҷомеа ҳастанд, наметавонанд табиби ҷомеа бошанд, вале боисрор, муққалабона худро табиби зӯраки вонамуд карда вазъи ҷомеаи беморро боз ҳам муташшаниҷтар месозанд. Тадриҷаи яраи хурди пайдошуда дар тани организми ҷомеа ба макони фасоду фасодкорӣ мубаддал мегардаду ҷомеаро дучори ҳалокат ё худ нооромиҳоипайвастаи зиддибашарӣ мегардонад. Танҳо муқовимати шадиди мутаффакирони покдил ҳамҷоя бо ҷомеаи солим метавонад табиби муваффақи табобати яра бошад, вагарна яра ба фасод мубаддал мегардаду фасоди ҷомеа ба ҳалокати башарият оварда метавонад.

Дар айни замон, аз ҷониби сиёҳдилон ҳизбу созмон, ҳаракатҳои сершумори ифротгароӣ, аз қабили ДИИШ, Ҳизб – ут – Таҳрир, Ансоруллоҳ ва даҳҳои дигар таъсис дода организми башариятро олуда ва дучори фасодҳо карда истодаанд. Ҳатто, мутассифона дар баъзе мамлакатҳои олам онҳо ҷилави ҳукмронӣ ба даст гирифтаанд ва сарзамини худро ба мулки ифротгароён табдил дода истодаанд, ки барои ифротзодагон оҳанраборо мемонад. Масалан, муқаррар гардидааст, ки ҳаракати ифротии «Толибон», ки қудрати ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Афғонистонро ба ихтиёри худ гирифтаанд, тамоми ифротиёни ҷаҳон, аз ҷумла ҳизби наҳзати Исломро дар сарзамини худ расмию ғайрирасмӣ ҷой додаву ин маконро ба манбаи таҳдид ба мавҷудияти башарият мубаддал сохта истодаанд, ки хеле ташвишовар асту набояд фарди солимақлро бетараф монад. Зеро, аён аст, ки яраи ҷомеа аллакай фасод гаштаву фасодкорӣ амали муташаккилона шудааст.

Хавфу хатар ба амнияти ҷомеа чандинкарата зиёд шудаасту муқовимат бар зидди палидони ифротӣ кӯшиши дастаҷамъонаи ҷомеаро металабад.

Хушбахтона, воқеияти зикрёфтаро алҳол, аксарияти сарони давлатҳо, сиёсатмадорон, мутаффакирон ва ҳатто мардуми оддӣ низ дарк кардаанд. Хотиррасон менамоем, ки ғайрати дастаҷамъонаи покдилон барои рафъи фасоди ҷомеа теғи нӯгтези ҷарроҳ бояд шуду ҷомеаро солим барои насли оянда нигоҳ дошта метавонад.

Собиров М.С. – дотсенти кафедраи экология ва хифзи табиати МДТ «Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Бобочон Гафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ