Фаъолон бо Ифтихорнома қадр шуданд
Ба муносибати Рӯзи илми тоҷик як қатор устодон ва кормандони раёсат ва сохторҳои донишгоҳ низ, ки дар ташкили чорабиниҳои гуногуни илмӣ саҳми босазо гузоштаанд, бо Ифтихорнома сарфароз шуданд.
Аз ҷумла, дар доираи ин иқдом Исмоилов Хайёмиддин, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ, Дадобоева Нодирахон, мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот, Мирсаминова Гузалхон, мудири шуъбаи байналмилалии донишгоҳ, Амаков Сорбон, мутахассиси маркази иттилоот ва таҳлил, Миршоев Абдушаҳид, мудири бахши мониторинг, таҳлил ва банақшагирии рушди сифати таҳсилот, Абдураҳимов Абдуғаффор, дотсенти факултети иқтисодӣ, Хайруллозода Кароматулло, муаллими факултети таърих ва ҳуқуқ, Расулзода Меҳрангез, Ҳомидова Суман – муҳаррир-мухбирони СРТ “Фурӯғ”, Ваҳобов Икромҷон, мудири шуъбаи маъмуриву хоҷагидорӣ, Юсупов Ҳусейн, роҳбари ансанбли “Навои ҷавонӣ” қадр шуданд.
Дар вазъияти тантанавӣ ба устодону кормандони мазкур аз ҷониби роҳбарият ва меҳмонони чорабинӣ ифтихорнома супорида шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил