Факултети забонҳои шарқ: Аёдат дар Хона-интернати беморони рӯҳии ноҳияи Ҷаббор Расулов
Санаи 19-уми декабр бо ташаббуси устодон ва донишҷӯёни факултети забонҳои шарқ дар заминаи пиёда намудани сиёсати хирадмандонаиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пирону маъюбон ва ятимону бепарастони Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони рӯҳӣ” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аёдат карда шуданд. Устодону донишҷӯён аз шароити зисту зиндагонии онҳо ошноӣ пайдо намуда, ба бошандагони он маводҳои хӯрока, сару либос ва туҳфаҳо тақдим намуданд.
Аз тарафи донишҷӯёни соҳибзавқ барномаи фарҳангӣ таҳти унвони “Мо бо Шумоем” бо фарогирии саҳначаҳои ҳаҷвиву адабӣ, қироати шеър, сурудхонӣ, гулбазм ва амсоли инҳо таҳия гардида, пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил