Факултети педагогӣ: «Зиндагиномаи бузургон ва аҳамияти омўзиши он дар таълиму тарбияи насли наврас»
Дирӯз дар факултети педагогӣ машғулияти амалӣ дар ба мавзўи «Зиндагиномаи бузургон ва аҳамияти омўзиши он дар таълиму тарбияи насли наврас» ташкил ва баргузор гардид.
Машғулият, ки тарҳи амалӣ дошт, бештар донишҷўён фаъолият доштанд. Мавзуи интихобнамудаи онҳо «Садриддин Айнӣва Бобоҷон Ғафуров -бузургони миллат» унвон дошта, оид ба зиндагиномаи ин шахсиятҳои маъруф слайд (муаррифӣ), гуфтору шеъру тарона қироат намуданд.Донишҷўён дар ҷараёни дарсаз ҳаёту фаъолияти Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров мисолҳои илман асоснок оварда, иброз доштанд, ки омўхтани ҳаёту фаъолиятиадибону олимони тоҷикбарои худшиносиву худогоҳӣ, ташаккули маърифатнокиву маданияти ҳар як шахс мусоидат менамояд.
Донишҷўён барои омода намудани мавод барои машғулият ба осорхонаи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо истифода аз экспонатҳои осорхонамаълумоти муфассалерогирд оварданд, ки ин иқдом барои дарамалтатбиқнамудани талаботи раёсати донишгоҳ оид ба«Моҳи Ғафуровхонӣ» кўмаки амалии худро расонид.
Донишҷўёндарсро ҳамчун иҷрои кори мустақилона ба сомон расонида, бо назардошти баъзе камбудиҳои ҷузъӣба мақсади пешгузоштаи худ расиданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил