Факултети математика: Конфронси илмӣ – амалӣ бахшида ба 65 солагии шодравон профессор Муҳсинов Абдулқосим

Имрӯз дар толори факултети математикаи донишгоҳ ба ифтихори ҷашни 65-солагии шодравон, доктори илмҳои физика-математика, профессор Абдулқосим Муҳсинов Конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Конфронсро декани факултети математика дотсент Бобохонов Қ. оғоз намуд. Баъдан, мудири кафедраи анализи математикӣ ба номи профессор А.Мӯҳсинов, дотсент Воситова Д.А. дар мавзӯи “Абулқосим Мӯҳсинов олими шинохта ва инсони комил”, Солеҳов О. дотсенти кафедраи алгебра ва геометрия “Дар бораи фаъолияти илмию эҷодии шодравон А.Мӯҳсинов” ва яке аз шогирдон Баротов Д. ки ҳоло дар шаҳри Дубнаи Федератсияи Русия таҳсил дорад доир ба мавзӯи “Муносибати хуби марҳум А.Мӯҳсинов бо шогирдон” изҳори андеша намуданд. Сипас, аз ҷониби донишҷӯёни курси якум ва дуюм бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ шеърҳо дар васфи устод қироат карда шуд.

Дар конфронс мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Шомирзоев Б. низ ширкат ва баромад намуда, аз масъулиятшиносӣ, серталабӣ ва дастовардҳои устод ёдовар шуд. Дар ниҳоят пайвандони марҳум А.Мӯҳсинов ба сухан баромада, ба раёсати донишгоҳ ва ҷомеаи меҳнатии факултет барои ташкил намудани чорабинии мазкур изҳори сипос намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ