​Факултети забонҳои шарқ: ҳафтаи забони чинӣ

Дар факултети забонҳои шарқ чорабинии факултавии ҳафтаи забони чинӣ бо иштироки муовини ректор оид ба таълим профессор, Абдуфаттоҳ Раҳимов, муовини директори Институти Конфутсий оид ба корҳои байналхалқӣ ҷаноб Менг ва устодону донишҷӯён ҷамъбаст гардид.

Дар оғоз Суруди миллии Тоҷикистон ва Чин садо дода шуд, ки ин нишони дӯстии ду мамолики ҳамҷавор унвон гардид. Ҳамчунин хор, рақсу сурудҳои чинӣ, маросими чойи чинӣ, бозиҳои шавқовар, саҳнача дар бораи хонадоршавии чиниён ва филми ҳунарӣ дар иҷрои донишҷӯён иҷро гардид.

Дар интиҳо ғолибони озмунҳо ва иштирокчиёни фаъоли ҳафтаи забони чинӣ бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ