Факултети забонҳои хориҷӣ: Татбиқи дониши назариявии донишҷўён дар амал
Пўшида нест, ки таҷрибаомўзии педагогӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷараёни тайёрии касбии омўзгор, аз як ҷиҳат ба сифати меъёри муҳим, восита ва шакли самараноки бавуҷудоии касбии муаллими оянда дар системаи маълумоти олии касбӣ нақш дошта бошад, аз ҷониби дигар, баҳри мустақилият ва фаъолияти минбаъдаи донишҷўён таъсири амиқ мегузорад.
Мувофиқи низомномаи таҷрибаомўзии педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷўёни соли сеюми ихтисоси забони англисии МТД “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” барои гузаронидани таҷрибаи омўзгорӣ ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №9 –и шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии дотсенти кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ Н.М.Ҳошимова сафарбар гардиданд. Дар рафти таҷрибаомўзӣ донишҷўён барои сайқал додани маҳорат ва малакаи касбии худ дар дарсҳои омўзгорони соҳибтаҷриба ширкат варзида, корҳои беруназсинфӣ ташкил ва дарсҳои муқаррарию кушоди забони англисиро бо истифода аз методҳои муосири таълими забонҳои хориҷӣ гузарониданд.
Дотсенти кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ Н.М.Ҳошимова зикр намуд, ки ба воситаи худмаълумотдиҳӣ ва фаъолияти илмӣ-эҷодие, ки маҳорати касбии донишҷуёни таҷрибаомўзро сайқал медиҳад, муайян кардани мақсад, ба даст овардани тарзи фаъолият ва татбиқи худназораткунии донишҷўён ҳадафи асосии мо ба ҳисоб меравад.
Маркази иттилоот ва таҳлил