Факултети забонҳои хориҷӣ: Семинари илмӣ-назариявӣ дар кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ
Санаи 24-уми январи соли равон дар кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ бо роҳбарии дотсент Нематуллоева М.Н. семинари навбатии илмӣ-назариявии кафедра дар мавзӯи “Фраземаҳои феълӣ дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ баргузор гардид. Маърӯза аз тарафи номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ Азимова С.Р. қироат карда шуд. Маърӯзачӣ оиди фраземаҳои феълӣ дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ маълумоти пурра дод. Баъд аз ба итмом расидани маърӯза ба Азимова С.Р. аз тарафи омӯзгорон якчанд саволҳо пешниҳод шуд, ки мавсуф посухҳои мушаххас дод. Дар фарҷоми семинар дотсент Нематуллоева М.Н. ба Азимова С.Р. ва ҳамаи иширокчиён изҳори миннатдорӣ баён намуда, семинаро ҷамъбаст кард.