Факултети забонҳои хориҷӣ: Мизи мудаввари таҷрибаомӯзон
Дар факултети забонҳои хориҷии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” таҳти унвони “Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм” мизи мудаввари таҷрибаомӯзон гузаронида шуд.
Мушовир Солиева Т.Н. дар бобати ташаббусҳои давлату ҳукумат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муқовимат бо терроризм ва гурӯҳҳои ифротӣ сухан ронд. Ӯ баён намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пойдории сулҳу ваҳдати сартосарии кишвар таъдбирҳои судмандро андешидааст. Аз ин ҷиҳат ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ободониву созандагӣ ва донишандӯзиву касбазхудкунӣ кӯшида, дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи ватанамон саҳми арзандаи хешро гузошта бошанд.
Сипас, таҷрибаомӯзон вобаста ба мавзӯи мазкур мубодилаи афкор намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил