Факултети таърих ва ҳуқуқ: Маҳфили илмӣ-амалии "Муаррихони ҷавон"
Санаи 26 феврал дар факултети таърих ва ҳуқуқ маҳфили илмӣ-амалии «Муаррихони ҷавон»-и донишҷўён баргузор гардид. Дар маҳфили мазкур донишҷӯён бо маърӯзаҳои илмии шогирдонаи худ дар ҳузури устодон баромад намуданд.
Маҳфилро устоди кафедраи таърихи ватан ва археология, дотсент Шавкат Шарипов оғоз намуд. Мавсуф оид ба баргузории маҳфили «Муаррихони ҷавон» ва таърихи ташкил ёфтани он аз ҷониби профессор Ғафур Ҳайдаров ёдоварӣ кард.
Сипас, донишҷўёни факултет Миробидов И. дар мавзўи «Аз таърихи ёдгориҳои шаҳри Исфара», Сайдалиев Б. дар мавзӯи «Топоним ва этноними маҳалҳои деҳаи Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров», Шеров Ш. дар мавзӯи «Қалъаи Муғтеппа- ёдгории таърихии ш. Истаравшан»ва Ҳакбердиев С. таҳти унвони «Ёдгориҳои археологии маданияти Ҳисор” маърӯзаҳо намуданд.
Дар охир маърўзаҳои донишҷўён мавриди муҳокима қарор дода шуд. Дотсент Шавкат Шарипов оид ба роҳу услубҳои навиштани мақолаҳои илмӣ ва маърўзаҳои илмӣ баромад намуда, донишҷўёнро бо моҳияти онҳо шинос намуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил