​Факултети таърих ва ҳуқуқ: Дарси кушоди таҷрибаомӯз

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дарси кушоди Дилафруз Пардаева - таҷрибаомӯзи курси 4-уми ихтисоси таърих ва ҳуқуқ, шӯъбаи рӯзонаи факултети таърих ва ҳуқуқ дар мавзӯи “Вазъи сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодии Осиёи Марказӣ дар арафаи ҳуҷуми муғулҳо” дар синфи 7“В” бо иштироки васеи устодон гузаронида шуд.

Дарс дар ҳамгироии дарси анъанавӣ ва салоҳиятнокӣ роҳандози гардида, дар ибтидо лаҳзаи ташкилии дарс- шунидани ахбороти сиёсӣ, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сӣ соли Истиқлолият хуб ба роҳ монда шуд. Баъдан синф ба ду гурӯҳҳо: “Самарқанд” ва “Бухоро” тақсим карда шуда, усули интерактивӣ истифода бурда шуд. Дар ҷараёни пурсиши вазифаи хонагӣ усули масъалагузорӣ ва бозии таълимии “Тасдиқ ва инкор” хеле васеъ истифода бурда шуд. Дар вақти баёни мавзӯи нав дар асоси нақша ба ду масъалаи муҳим- ташкилёбии давлати муғулҳо ва вазъи Осиёи Миёна дар арафаи ҳуҷуми муғулҳо диққати махсус дода шуда, мазмун ва моҳияти мавзӯъ бо мисолҳои таърихи ба хонандагон фаҳмонида дода шуд. Дар вақти мустаҳкамкунӣ дар тахтаи синф кластер иҷро гардида ба гурӯҳҳо дар алоҳидагӣ супориши ҳалли кроссворд оиди масъалаҳои муҳими мавзӯъ иҷро гардид. Дар ҷамъбасти дарс таҷрибаомӯз Дилафрӯз Пардаева дониш ва тайёрии хонандагонро ба дарс арзёбӣ намуда, супориши вазифаи хонагиро ба миён гузошт.

Дарси таҷрибаомӯз бо истифодаи методҳои фаъоли таълим хеле пурмазмун гузаронида шуд.

Дар таҳлили дарси таҷрибаомӯз Дилафрӯз Пардаева мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ дотсент Олимҷон Маҳмудов, мушовир – методист Ш. Ҳошимова, омӯзгорони кафедра М.Раҳматова ва М.Ахмедова иштирок намуда, оиди муваффақиятҳои таҷрибаомӯз ва камбудиҳои дарс фикру ақидаҳои худро иброз намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ