Факултети тарбияи ҷисмонӣ: Таъсири радиатсия ба саломатии инсон

Санаи 28-уми феврали соли 2019 дар кафедраи “Мудофиаи гражданӣ”-и факултети тарбияи ҷисмонӣ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Таъсири радиатсия ба саломатии инсон” баргузор гардид.

Дар семинар бо иштироки устодони кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омӯзгорони факултети тарбияи ҷисмонӣ масъалаҳои муҳими таълимӣ, тарбиявӣ ва илми мавзӯи мазкур мавриди баррасӣ ва таҳлилӣ қарор дода шуд. Сипас, маърӯзаи муаллима Гадоева Ш.М. дар мавзӯи “Таъсири радиатсия ба саломатии инсон” шунида шуд, ки ба такмили хусусиятҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва илмӣ-назариявии мавзӯъ бахшида шуда буд.

Дар рафти семинари илмӣ доир ба мавқеи таълимии мавзӯъ дар ташаккули донишҳои илмӣ назариявии донишҷӯён декани факултет дотсент Мингбоев А.Ю ва доир ба ҳадафҳои тарбиявии мавзӯъ мудири кафедра дотсент Хидиров Х.О ибрози андеша намуданд.

Семинари илмӣ-назариявии кафедра бо қабули қарорҳои дахлдор доир ба ҳуҷҷатгузорӣ ва баргузории он ба кори худ хотима бахшид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ