​Факултети санъати тасвирӣ ва технология: Ҷамъбасти ҳафтаи илм

Дар Арт-галереяи “Монӣ”-и факултети санъати тасвирӣ ва технология бо иштироки устодон, докторантони (PhD), магистрантон, донишҷӯён васардори раёсати илм ва инноватсия дотсент Ромизҷон Абдуллоев чорабинии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба ҷамъбасти ҳафтаи илм гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ муовини декан оид ба илм ва инноватсия Мавлуда Дадобоева баромад намуда, қайд намуд, ки чорабиниҳои аз рӯи нақшаи ҳафтаи илм дар факултетдар сатҳӣ баланд баргузор гардиданд

Сипас, сардори раёсати илм ва инноватсия дотсент Ромизҷон Абдуллоев баромад намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки дар ҳақиқат корҳои илмӣ дар факултет назаррас буда, аз тарафи устодони факултет чанд китобҳои дарси бо тавсияи қарори Мушовара ва Вазорати илми ҶТ ба табъ расиданд. Дар идома ба донишҷӯёне, ки дар чорабиниҳои ҳафтаи илм фаъолона иштирок намуданд ва озмуне, ки таҳти унвони “Фарзанди туям Тоҷикистон” дар давоми як ҳафта бахшида ба ҳафтаи илм, баргузор гардид, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд, бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Дар охир аъзоёни маҳфили “Одоби ҳамида” бомаҳорати баланди фарҳангӣ баромад намуда, ба чорабинӣ ҳусни аҷом бахшиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ