Факултети математика: маҳфили намунавии донишҷӯён

Дар кафедраи анализи математикӣ ба номи профессор А. Муҳсинови факултети математика бахшида ба Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои соли 2021-2025, солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва «Рӯзи илми тоҷик» бо иштироки дотсентон Раҳматхӯҷа Ахмедов, Дилором Воситова Д., н.и.ф.-м., муаллими калон Бӯстонбек Ҷумаев ва муаллими калон Нозимҷон Охунзода маҳфили намунавии донишҷӯён баргузор гардид. Дар кори маҳфил донишҷӯи курси панҷум ихтисоси математики амалӣ Раҳмонова М. бо роҳбарии мудири кафедра Бӯстонбек Ҷумаев дар мавзуи «Таҳлили масъалаҳои олимпиадавӣ аз AMC ва Putnam» маърӯза намуд. Мавсуф дар баромади худ оид ба олимпиадаҳо маълумотҳои гуногуни муфассал ироа намуд. Аз он ҷумла, доир ба таърихи баргузории озмуни AMC (American Mathematics Competition) ва William Lowell Putnam Mathematical Competition-ро ба пуррагӣ баён намуда, перомуни ин озмунҳо, дастгирии ғолибон ва ғайра маълумот дод. Ҳамчуқнин дар рафти маҳфил якчанд мисолу масъалаҳои олимпиадаҳои байналмилалӣ ҳаллу фасл гардидан.
Дар интиҳо мавзуи баррасигардида мавриди таҳлилу баррасии қарор гирифта, миёни иштирокчиён мубодилаи афкор ҷараён гирифт.
Маркази иттилоот ва таҳлил