​Факултети математика: Чорабинии илмию фарҳангӣ


Дирӯз дар факултети математикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ташаббуси устодони кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии илмию фарҳангӣ таҳти унвони “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардид. Дар чорабинии омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ А.Убайдуллоев, С. Қаюмов ва омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ М.Ҳоҷиева дар мавзуъҳои гуногун баромадҳои пурмӯҳтаво намуданд. Маърӯзачиён қайд намуданд, ки мактаби сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кулли омӯзгорону донишҷӯён бояд мавриди омӯзиши ҳамешагӣ қарор гирад.

Дар қисми дуюми чорабинӣ донишҷӯёни курси дуюми факултети мазкур бо баромадҳои фарҳангии хеш ба чорабинӣ ҳусни тоза зам намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ