Факултети физикаю техника: Чорабинии судманди тарбиявӣ
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14 шаҳри Хуҷанд 9 нафар донишҷӯёни курси 3-уми факултети физикаю техника таҷрибаомӯзии педагогӣ гузаронида истодаанд.
Яке аз вазифаи асосии таҷрибаомӯзии педагогӣ ин татбиқи амалӣ ва таҳкими донишҳои назариявӣ, ки донишҷӯён ҳангоми омӯзиши фанҳои ҷамъияти тахассусӣ ва равоншиносиву омӯзгорӣ аз худ намудани донишҷӯён мебошад.
Дар раванди таҷрибаомӯзӣ ба ғайр аз худ намудани усулҳои ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ, татбиқи вазифаҳои таълим донишҷӯён бояд бо хонандагон муносибати хуби педагогиро ҳамчун роҳбари синф низ бояд ба роҳ монанд.
Дар ин замина санаи 21-уми феврали соли равон дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14 аз тарафи донишҷӯён –таҷрибаомӯзон чорабинии судманди тарбиявӣ бахшида ба 26-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Мақсад аз баргузории чорибинии мазкур пеш аз ҳама баланд бардошатаи ҳисси ватандӯстӣ, ташвиқу тарғиби корнамоиҳои ҷавонмардонаи афсарону сарбозон ва ахлоқии хонандагон мебошад.
Чорабинӣ бо суханронии таҷрибаомӯзон Остонақулов И. ва Темирбоева М. оғоз гардида, сипас донишҷӯён Шарипов М. дар мавзӯи «Таъсисёбии артиши миллӣ» ва Отазанарова М. дар мавзӯи «Артиши миллӣ-нерӯи тавоно», баромад намуданд.
Бо мақсади болида гардонидани хотири иштирокчиён аз тарафи донишҷӯёни тарҷрибаомӯз ва хонандагон сурудҳо ва шеърҳо дар васфи сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Истиқлолият ва сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ қироат карда шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ декани факултети физикаю техника дотсент Шамсидинов М.И. иштирокчиёнро бо фарорасии рӯзи муборак барои миллати шарафманди хеш табрик намуд.
Ҷонишини директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14 оид ба таълим муаллима Каримова С.О. аз номи садорати муассиса миннатдории аҳли устодон ва хонандагонро ба ташкилкунандагони чорабинӣ иброз намуда устодон ва донишҷӯёни таҷрибаомӯзро бо фарорасии ин рӯзи тақдирсоз самимона табрик намуд.
Мақсад аз баргузории чорибинии мазкур пеш аз ҳама баланд бардошатаи ҳисси ватандӯстӣ, ташвиқу тарғиби корнамоиҳои ҷавонмардонаи афсарону сарбозон ва ахлоқии хонандагон мебошад.
Маркази иттилоот ва таҳлил