ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПЕШВОИ СУЛҲОФАР
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Саъдӣ
Миллат, гарчанд ҷузве аз инсоният бошад ҳам, худ аз аъзоёни сершуморе иборат аст, ки аз оила сарчашма гирифта, нишондиҳандаи дурустиву солимиаш пеш аз ҳама дар Ваҳдат ягонагb, ҳамдилb, ҳамфикрb, таҳаммулпазирӣ ва эҳтирому эътирофи афроди дигар зоҳир мегардад. Агар кулли халқи тоҷик атрофии ғояи миллӣ муттаҳид гашта, паргорвор дар пояи ғановати бои илмиву фарҳангии ниёгони ҳамзабонамон байни бештар аз 200 давлати дунё дар партави сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти парчами Ваҳдат меҳанпарастонаву инсондӯстона қадам пеш гузорад, насли ҷавони имрӯзаи мо метавонад дар муддати кӯтоҳ некӯаҳволтарин ва дарозумртарин мардумони сайёра гардад.
Сарчашмаи асосии ҳамаи пешравиҳо ин Ваҳдати миллӣ дар пояҳои баланди муносибатҳои байни инсонист.
Имсол бисту ҳаштумин сол аст, ки бо шарофати истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ мардуми Тоҷикистони тозаистиқлоламон дар фазои тинҷию осоиштагӣ ва рушди ҳамаҷонибаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ санаи 27-уми июнро ҳамчун Рӯзи Ваҳдат ҷашн гирифтанд. Ин дастоврди беҳамтои миллат, ки ҳамаи сокинони ҷумҳуриямонро ба ҳам оварда, ягонагию якпорчагии кишварамонро таҳти Конститутсияи Тоҷикистон бо эъломияи соҳибистиқлолият, демократият, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявият таъмин намуда, боиси пешрафти ҷомеа шудааст, дар ҳақиқат босазо ҳамчун рӯзи умумимиллии идона ҷашн гирифта мешавад. Маҳз самараи ваҳдати миллӣ ва пойдор игардидани сулҳи кулл буд, ки Тоҷикистонро ҳамчун мамлакати бофарҳангу ботамаддун дар арсаи сиёсии ҷаҳон эътироф намудаанд, дар дохили кишвар бошад, соҳаи тандурустӣ ҳамчун маориф ва дигар соҳаҳои зарурии рӯзгори халқ рӯ ба рушд ниҳода барои беҳдошти солимии аҳолӣ дар ин муддати кӯтоҳ корҳои муфид ва назаррасеро анҷом дода тавонист. Базаи техники он дар даҳ соли охир беҳтар карда шуд. Таҷҳизоти нави замонавии ташхисӣ ва амалиётӣ бо мутахассисони худ дар ҳимояи саломатии шаҳрвандон хизмат мерасонанд. Солҳои охир бо ташаббус ва дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, саховатмандон, ташкилотҳои байналмиллалӣ бисёр иншооту бунгоҳҳои тиббӣ сохта ба истифода дода шуд. Яке аз нишондиҳандаҳои рушди соҳаи тандурустӣ ин тӯлонияти умри шаҳрвандон мебошад, ки он ҳам бо шарофати оштии миллӣ сол то сол беҳтар гардида истодааст. Дар мубориза бо бемориҳои сирояткунандаи сил, тиф, вабои аср ВНБО ва нашъамандӣ комёбиҳои назаррас дастовард шудааст. Ба таври умумӣ ҳамаи нишондиҳандаҳои соҳаи ҳафзи тандурустӣ устувор рӯ ба беҳбудӣ ниҳода истодааст. Ҳамаи ин пешравиҳо ва дастовардҳои соҳаи тиб бевосита бо истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ вобастагии амиқ дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мафҳуми ваҳдатро бо мазмуну мундариҷаи тоза ғанӣ гардониданд. Сарвари давлат бо овардани истилоҳи «Ваҳдати миллӣ» қабл аз ҳама ягонагии халқи тоҷик, ваҳдонияту бародарии тамоми тоҷикистониҳо, зиёда аз ин ваҳдати тоҷикони ҷаҳонро ифода намуданд. Ин буд, ки Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ густариш ёфт ва дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ созмонҳои аввалияи он ташкил шуданд ва мардуми сулҳхоҳи мамлакат гурӯҳ-гурӯҳ шомили он гардиданд. Агар фаъолияти Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро таҳлилу ҷамъбаст намдуда натиҷа бардорем, ба имони комил метавон гуфт, ки маҳз аз натиҷаи кӯшишҳои пайвандгаронаи он ба ваҳдати сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ ноил шудаем.
Аъзои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон воқеан ҳам содиқтарину бовафотарин фарзандони халқ ба шумор мераванд. Дар натиҷаи ҳамкории Шуроҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ бо Шурои марказии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ҳамдастию ҳамдилӣ ва фаъолияти доманадору густурдаи ин фарзандони вафодори халқ Ҳаракат ба созмони нерӯманди мавфкуравие табдил ёфт, ки барои иттиҳоди ҳамаи мардумони диёр, ягонагии онон бо тамоми сокинони ҷумҳурӣ мусоидат кард.
Ростӣ агар ақл, заковат ва хирад бар ҷаҳолату разолат ғолиб намеомад, барои Тоҷикистони азизи мо, ки ба наздикӣ 35 солагии Истиқлолияти худро таҷлил мекунад ва аз он шаш солаш бо даргириҳои сиёсӣ ва ҷанги хонумонсӯз гузаштааст, чун мурғи самандар аз хокистари худ аз нав эҳё гаштану дар байни мамлакатҳои дунё мақоми шоистаи худро ёфтан кори осон набуд.
Меъмори сулҳи тоҷикон бешубҳа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, ки аз рӯзи авали ба сари қудрат омадан барои дар саросари кишвар барқарор намудани сулҳи пойдор талошу ҷонбозиҳо карданд ва оқибат Тоҷикистонро ба хонаи умеди тоҷикон ва Ватани сулҳу ваҳдат мубаддал сохтанд ва бо сохтмони ҷомеаи қонуниасос ва маънавибунёд ба ҷаҳониён собит карданд, ки тоҷикон соҳиби тамаддуни бузург ҳастанд ва фарзандони фарзонаи он дар рушди тамаддуни ҷаҳон саҳми арзанда гузоштаанд ва мегузоранд.
Баъди як моҳи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ бо мақсади ҳифзи пойдории ҳифзи пойдории истиқлолияти давлатӣ, тарафдори сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ шахсиятҳои намоёни давлатӣ, илму фарҳанг, собиқадорони ҷангу меҳанат ва сарварони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо иқдоми басо наҷиб таъсиси «Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» баромад карданд ва вақте, ки ин созмони бонуфизи ҷамъиятӣ таъсис ёфт, дар маҷлиси муассисони он, ки вакилони ҳамаи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, ҳизбу иттиҳодияҳои ҷамъиятиро дар бар мегирифт, иштирокчиён бо назардошти саҳми беназири Президенти кишвар дар роҳи пурпечутоби истиқрори сулҳ, ваҳдату ризоияти миллӣ, пойдорию якпорчагии ҷумҳурӣ Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмонро якдилона раиси ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон интихоб намуданд. Табиист, ки бо интихоби ин шахсияти бузург обрӯ ва эътибори ин созмон дар байни мардуми ҷумҳурӣ ба маротиб афзуд.
Оқилова Ҳилола,
дотсенти кафедраи забонҳои форсӣ ва
хитойии факултети забонҳои шарқи Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»