Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори давлати миллӣ дар асри ХХ ва ибтидои асри ХХI
Фалаҷ шудани тамоми сохтори давлатдории Шӯравӣ (охири соли 1989 ва ибтидои соли 1992). Яке аз омилҳо ва сабабҳои асосии бӯҳрон ва муқовимати шадиди сиёсӣ, ки оқибат ба ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ овард, фалаҷ шудани тамоми сохторҳои идоракунӣ ва давлатдории замони шӯравӣ дар Тоҷикистон буд. Бесарусомонӣ, қонуншиканӣ, гирдиҳамоиҳои беохири ғайриқонунӣ дар майдони Шаҳидонва Озодӣ, дигар майдонҳои шаҳри Душанбе, дуздӣ, ғоратгарӣ, гаравгонгирӣ, куштор, лату кӯби одамони бегуноҳ, ки ҷомеаи Тоҷикистонро ба ҳолати тарсу ваҳм, ноумедӣ, маъюсӣ, нобоварӣ ба давлату ҳукумат, хатари аз байн рафтани давлати соҳибистиқлоли тоҷикон оварда буд, маҳз натиҷаи фалаҷ шудани фаъолияти тамоми сохторҳои давлатӣ, хосатан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буд.
Қонуншиканӣ то ҳадде расида буд, ки Президенти нахустини дар Парлумон интихобшуда-Қаҳҳор Махкамовро бо фишор маҷбур карданд, ки ба истеъфо равад. Куштори ваҳшиёнаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев (24.08.1992) аз ҷониби силоҳбадастони Ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби наҳзати исломӣ далели он буд, ки қонун, шаъну эътибор ва ҷони инсон дар назди гурӯҳҳои силоҳбадасти мухолифин арзише надошта, онҳо омода буданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз даҳшатноктарин васила-куштор, зӯроварӣ, таҳдид ва гаравгонгирӣ истифода баранд. Гаравгон гирифтани вакилони Маҷлиси Олӣ ва аъзои Ҳукумат (муовини Сарвазири ҷумҳурӣ)-ҳамаи ин далели беҳокимиятӣ, қонунпоймолкунӣ, фалаҷ шудан ва бетарафии сохторҳои давлатӣ буд.
Бо таҳдиду зӯроварӣ, зери мили автомат маҷбур сохтан ва гирифтани аризаи Президенти ба тарзи овоздиҳии умумихалқӣ интихобшуда – Раҳмон Набиев (6.09.1992) дар фурудгоҳи Душанбе аз ҷониби ба истилоҳ “ҷавонони Душанбешаҳр”, аслан силоҳбадастони ТЭТ ҲНИ буданд, нуқтаи олӣ ё кулминатсионии қонуншикании гӯшношунид ва билкулл фалаҷ шудани тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ буд.
Террор ва куштори як зумра ходимони сиёсию давлатӣ - Назаршо Назаршоев, Мунавваршоҳ Назриев, Сафаралӣ Кенҷаев, Карим Юлдошев, олимони намоён - Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, нависанда Сайф Раҳимов, журналистон Муродулло Шерализода, Муҳиддин Олимпур, Хушбахт Ҳайдаршо, Владимир Никулин ва дигарон далели беҳокимиятӣ, афзудани ҷиноятҳои вазнин ба ҷомеа, давлат рӯйирост таҳдид намудани олами ҷиноӣ буд.
Бо фишору таҳдиди тазоҳуротчиёни майдони Шаҳидон зуд-зуд қабул кардани қарорҳои шитобкорона аз ҷониби Парлумони кишвар ва бекор кардани онҳо аз он дарак медод, ки мухолифини давлат ва Ҳукумати қонунӣ Парлумонро ба як саҳнаи сиёсатбозӣ ва бозичаи дасти худ табдил дода буданд.
Дар як муддати кӯтоҳ 2 Президенти қонунан интихобшуда (Қаҳҳор Махкамов, Раҳмон Набиев), 4 Раиси Шӯрои Олӣ ва дигар роҳбарони баландмақоми Ҳукумат бо роҳи фишору зӯроварӣ иваз карда шуданд, ки ҳамаи ин далели раднопазири бесарусомонӣ, қонуншиканӣ, фалаҷ шудани тамоми сохторҳои давлатдорӣ ва аз даст рафтани зимоми идоракунӣ аз ҷониби шахсони масъул ва олимансаби давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Хатари аз байн рафтани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз харитаи сиёсии ҷаҳон, пароканда шудани миллати тоҷик аз фарзандони баору номус ва ватандӯст тақозо менамуд, ки барои аз ин вартаи ҳалокат баромадан чораву тадбирҳои ҷасурона ва заруриро андешанд.
Аз нав таъсис додани сохторҳои давлатӣ: ҳукумат, мақомоти маҳаллӣ, ҳифзи ҳуқуқ, нерӯҳои мусаллаҳ (1992-1997)
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро Иҷлосияи сарнавиштсоз, нусратовар ва ваҳдатофар меноманд, ба тамоми ин бесарусомониҳо, қонуншиканиҳо, бедодгарию ваҳшонияти гӯшношунид хотима гузошт ва ҳокимияти қонунӣ ва конститутсиониро дар Тоҷикистон аз нав барқарор намуд. Маҳз дар ҳамин Иҷлосия эҳё ва аз нав таъсис додани тамоми сохторҳои давлатӣ: Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазоратҳо, Кумитаҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Қувваҳои мусаллаҳ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот марҳила ба марҳила оғоз гардид.
Дар ҳамин Иҷлосия ба таъсиси яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ – Артиши миллӣ, ки кафили ҳимояи соҳибистиқлолӣ, тамомияти арзӣ, сулҳу суббот ва оримиву амнияти ҷомеа мебошад поя гузошта шуд.
Бояд гуфт, ки аз Артиши собиқ Шӯравӣ ба Тоҷикистон чизе мерос намонд ва мо таъсиси Артиши миллии худро аз сифр дар ҷойи холӣ оғоз намудем. Дар рӯзҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат беш аз 13 ситодҳои гуруҳҳои мусаллаҳ амал мекарданд, ки аксари онҳо ба касе итоат намекарданд. Таъсиси Артиши миллӣ аз ҳисоби ҷузъу томҳои Фронти халқӣ, ки ба хотири ҳимояи Ҳукумати конститутсионӣ ташкил ёфта буд, оғоз гардид.
Ҳанӯз 17-уми сентябри соли 1992 Фармони иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расида буд.
18-уми декабри соли 1992 бо имзои Эмомалӣ Раҳмон Қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тавсиб расид, ки он заминаи ҳуқуқии ташкили Артиши миллиро фароҳам овард. 17-уми феврали соли 1993 “Низомномаи тартиби қабули савганди ҳарбӣ” тасдиқ шуда, он фаъолияти хизматчиёни ҳарбӣ, вазифа ва масъулияти онҳоро дар ҷараёни хизмат ба чорчӯбаи қонун даровард. 23-юми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гашта, он ҳамчун – Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Имрӯз Артиши миллии мо таҳти ғамхорию дастгирии Сарфармондеҳии Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш Эмомалӣ Раҳмон яке аз артишҳои муқтадир, бо лавозимоти муосири ҷангӣ мусаллаҳ буда, сипари боэътимоди ҳифзи истиқлолият, манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амният дар минтақа ва кишвари мо мебошад.
Қабули Конститутсия ва раванди ислоҳоти конститутсионӣ
Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз қадамҳои нахустини ислоҳоти сиёсӣ ба шумор рафта, истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба ҳукми қонун даровард ва маҳз ин санади сарнавиштсоз Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ намуд. Қабули Конститутсия яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият буда, он роҳи интихобкардаи мардуми моро дар амри бунёди давлати навини тоҷикон муайян ва мушаххас намуд. Конститутсия ҳамчун қонуни асосии кишвар пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ, ва ғоявии давлатдории моро муайян карда, он маҳсули афкору андеша, суннатҳои давлатдорӣ, қонунэҷодкунии мардуми тоҷик мебошад.
Дар таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, таҳким, тағйиру иловаҳо ба он, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сардори давлат хеле бузург аст. Масъалаи қабули Конститутсияи нав ҳамчун шахсутуни давлат дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ба миён омада, барои таҳияи он беҳтарин мутахассисон-қонуншиносон, олимон, ҷалб карда шуда, таҷрибаи мамлакатҳои пешқадам ба инобат гирифта шуд. Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба тағйироту иловаҳо (26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 ) ворид карда шуданд, ки ин раванди табиӣ мебошад. Зеро ҳамагуна қонун, аз ҷумла, Конститутсия чизи шахшудамонда ё догма нест ва он бояд тамоми таҳаввулот, дигаргуниҳое, ки дар ҷомеа ба вуҷуд меояд дар худ таҷассум созад. Конститутсияи амалкунандаи Тоҷикистон аз рӯи баҳои коршиносон ва ҳуқуқдонҳо яке аз беҳтарин Конститутсия дар байни дигар кишварҳо ба ҳисоб меравад.
Конститутсия дар раванди ислоҳоти сиёсӣ, идоракунӣ, эҷоди қонунҳои нав, эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳкими ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ҳамчун арзиши аз ҳама олӣ нақши калидӣ дорад.
Ташаккули институти парламентаризм ҳамчун яке аз нишонаҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд дастоварди муҳими даврони истиқлолият ба ҳисоб меравад.
Парлумони Тоҷикистон дар оғози истиқлолият - Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон даъвати 12-ум (1990-1995) ба давраи Шӯравӣ, яъне, замони дар ҳайати ИҶШС ворид будани ҶШС Тоҷикистон фаъолият дошта, он дар таҳкими институти парламентаризм нақши муайян бозид. Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мақоми олии қонунгузор ва намояндагӣ аз даъвати якум (солҳои 1995-2000) номи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифт. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми парламентро мушаххас ва муайян намуда, онро ҳамчун институти муҳими давлатдорӣ такмил дод. Дар замони истиқлолият парламенти мустақил ва воқеӣ арзи ҳастӣ намуда, бори нахуст дар таърихи сиёсии кишвар таҷзияи се шохаи ҳокимияти сиёсӣ-қонунгузор, иҷроия, судӣ ва дигар мақомоти идоракунӣ аз зинаи боло то поён мушаххас гардида, вазифа, ҳуқуқ, вазифа ва салоҳияти онҳо мушаххас гардиданд. Баъд аз ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми сентябри соли 1999 дар ҷумҳурӣ ба таъсиси Маҷлиси Олии дупалатагӣ (думаҷлисӣ) – Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ замина гузошта шуд. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ буда, Маҷлиси миллӣ даъватӣ мебошад. Салоҳияти ҳарду маҷлисро моддаҳои 56-57-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Маҷлиси миллӣ аз 33 аъзо, аз ҷумла, 25 аъзо ба таври мустақим дар Маҷлиси якҷояи вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ якҷоя бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мегарданд, иборат аст. Дар Маҷлиси миллӣ ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи марказ намояндагони баробар доранд. 8 аъзои Маҷлиси миллӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегарданд. Инчунин ҳар Президенти собиқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси миллӣ мебошанд, агар онҳо аз истифодаи чунин ҳаққу ҳуқуқ даст накашанд.
Маҷлиси намояндагон аз 63 вакил иборат буда, интихоб ба ҳайати он мустақим пинҳонӣ гузаронида мешавад ва 22 ҷой, яъне, 35% ҷойҳо ба намояндагони ҳизбҳои сиёсии ҷудокардашуда, ҳар ҳизби сиёсие, ки монеаи 5% -и боварии шумораи умумии интихобкунандагонро гузаронад дар парлумон ҷой хоҳад гирифт.
Яке аз нишонаҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ баланд бардоштани нақшу мақоми зан дар корҳои идоракунии давлатӣ мебошад. Дар ҳайати Маҷлиси Олӣ, даъвати якум, солҳои 1995 – 2000 – 5 нафар занон, даъвати дуюм (2000-2005) – 10 нафар занон, даъвати сеюм 2005-2010-11 нафар, даъвати чорум 2010-2015 – 10 нафар, даъвати панҷум солҳои 2015-2020 – 11 нафар, даъвати шашум солҳои 2020-2025 – 14 нафар вакил интихоб шудаанд. Аз байни занони вакил Гулафзо Савриддинова, Шуҷоат Ҳасанова, Назира Ғаффорӣ, Хайринисо Юсуфӣ (Мавлонова), Дилрабо Мансурӣ муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Парлумони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ташаккул ва рушди парламентаризм, эҷоди қонун ва таҳкими қонуният нақши хеле муҳим бозид.
Нақши Пешвои миллат дар ташаккули парламентаризм бунёди давлати муосири тоҷикон хеле бузург аст.
Фаъолияти пурсамару ҳамаҷонибаи Сарвари давлат Эмомалӣ Рамонро дар самти бунёдгузории давлати навини тоҷикон бо чанд далел метавон собит намуд:
Якум, таъсиси ҳокимияти давлатӣ. Дар назди Сарвари давлати тозаистиқлоли тоҷикон ҳалливазифаҳои бениҳоят мушкил ва сарнавиштсоз меистоданд. Аввалин ва асоситарин вазифа тарҳрезии низоми идораи давлат ва бунёди механизми идоракунии кишвар буд. Қадамҳои нахустини Сардори давлат дар ин самт ва мақомоти олии қонунгузор ва намояндагӣ дар ин самт дуруст ба роҳ монда шуд.
Дуюм, роҳ ба сӯйи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ. Дар оғози давлатсозии навини тоҷикон интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ, тарҳрезии шакли идоракунӣ, низоми сиёсӣ ва сохтори давлат масъалаҳои калидӣ буданд. Маҳз ҳаллу фасли масъалаҳои мазкур санги таҳдоби муноқишаҳои сиёсиро ташкил медоданд, ки он оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда буд.
Дуруст муайян намудани роҳи рушди минбаъдаи давлат ва нияту ормонҳои халқ, ба ҳимояи манфиатҳои мардум равона сохтани ҳадафу мақсадҳои давлату Ҳукумат яке аз амалҳои таърихии Сарвари давлат Эмомалӣ Рамон буд.
Сеюм, таҳияи низоми нави ҳуқуқи миллӣ. Тарҳрезии низоми нави ҳуқуқӣ ҳамчун появу таҳкурсии бинои давлати нав, заминаи рушди иқтисоди бозорӣ, тантанаи демократия, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон амали созандаи Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи эъмори давлати соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад.
Дар пояи Конститутсияи мамлакат Парламенти кишвар ҳамчун коргоҳи қонун то соли 2015 – 15 қонуни конститутсионӣ (ҳоло шумораи он ба 19 расидааст), 21 кодекс (ҳоло 22), 15 қонуни авф, 17 қонуни буҷет, 17 санадҳои ҳуқуқии байналмилалии бисёрҷониба, 4 санади ҳамкории иқтисодӣ бо Иттиҳоди Авроосиё, 30 санади ҳуқуқии байналмилалии дуҷониба, 313 қонуни соҳавӣ ва зиёда аз 17 ҳазор Қарорҳои Ҳукумат қабул шуд. Ин санадҳо тамоми самтҳои рушди ҳаёти ҷомеаро ба низом ва чорчӯбаи қонун дароварда, дар таҳкими низоми нави ҳуқуқи миллӣ саҳми бузург доштанд, ки дар саргаҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ хеле фаъолона ва босамарона истифода бурда, ташаббускори таҳия ва қабули бисёр қонунҳои нав, такмили қонунҳои амалкунанда мебошанд ва ба ин васила дар ташаккул, таҳким ва рушди низоми нави қонунгузории кишвар саҳми арзанда доранд. Маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат чандин қонунҳои нав аз ҷумла, ду қонуни миллӣ: Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул гардиданд, ки он бо арзиш ва аҳамияти худ назир надорад ва имрӯз баъзе ҷумҳуриҳои ҳамсоя таҷрибаи Тоҷикистонро ҳамчун намуна истифода бурда истодаанд.
бознашр аз китоби "Рисолати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат"