ЭЪЛОН! ОЗМУН БА БАРНОМАИ ERASMUS+
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар доираи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Ополе (Полша) барои интихоби як донишҷӯ ҷиҳати иштирок дар барномаи мубодилаи академии ERASMUS+ International Credit Mobility (ICM) озмун эълон менамояд.
Барнома ба донишҷӯи интихобшуда имконият медиҳад, ки дар муҳлати 5 моҳ дар Донишгоҳи Ополе таҷрибаомӯзӣ намуда, донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии худро дар соҳаи биология такмил диҳад.