ЭЪЛОН: ОЯНДАИ ДУРАХШОН АЗ ИМРӮЗ ОҒОЗ МЕШАВАД!
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» қабули довталабонро аз рӯи 116 ихтисоси наву замонавӣ тибқи 5 кластер тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.

ДОНИШГОҲ БО ИМКОНИЯТҲОИ ВАСЕЪ ВА СИФАТИ БАЛАНДИ ТАЪЛИМ
Донишгоҳ дорои 8 бинои таълимӣ, 18 факултет, 85 кафедра, 978 омӯзгор, синфхона ва лабораторияҳои муосир, китобхонаи илмӣ, варзишгоҳ, хобгоҳ ва омӯзгорони хориҷӣ аз Чин, Фаронса ва Кореяи Ҷанубӣ мебошад. Таҳсил дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона/фосилавӣ ба роҳ монда шудааст.

ҚАДАМ БА СӮИ ҶАҲОН – БО ДОНИШГОҲИ МО!
Имконияти табодули донишҷӯён бо донишгоҳҳои хориҷӣ, муҳити рақобатпазир ва заминаи устувори илмӣ — ҳама барои муваффақияти Шумо!
РАМЗИ ДОНИШГОҲ ДАР ММТ: 109
Ояндаи худро бо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дурахшон намо!
Интихоби дурусти имрӯз — муваффақияти фардои Шумо!
Ба сафи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҳамроҳ шавед ва роҳи ояндаи худро бо боварӣ оғоз намоед!