​Ёдкарди Махсум Олимӣ дар маҳфили «Ганҷи сухан»


Нишасти194-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, ки дар толори китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд баргузоргардид, ба зиндагӣ ва фаъолияти адабии шоири шодравон Махсум Олимӣ бахшида шуд.

Дар сухани ифтитоҳии роҳбари маҳфил, адабиётшинос Саидумрон Саидов зикр дошт, ки ёдкарди чеҳраҳои адабиву фарҳангӣ, афроди фарҳехтаи миллат дар маҳфили “Ганҷи сухан” ба ҳукми анъана даромадааст. Мавсуф дар бораи фаъолияти адабии Махсум Олимӣ изҳори назар намуда, аз нашри китоб перомуни рӯзгору осори шоир, ки бо эҳтимоми адабиётшинос Нуралӣ Нурзод интишор гарддааст хабар дод.

Сипас, дар бахши навгониҳои илмиву адабӣ Шоира Ҳакимова, номзади илмҳои филология, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баромад карда, ҳозиринро аз рӯйдодҳҳои муҳими илмиву адабӣ, ки дар як моҳи охир баргузор гардидааст ва китобҳои тозанашр ошно намуд. Аз ҷумла, китобҳое монанди “Сӣ баҳори Истиқлол”, “Фарҳод ва Ширин”-и Алишери Навоӣ, “Сӣ соли пуршараф”, “Ҷомеаи арзишҳои фарҳангӣ”-и Нодирҷон Солиҷонов, “Маърифати адабиёт ва нақди шеър”-и Ромиз Абдулло ва чандеи дигар муаррифӣ гардиданд.

Таҳти унвони “ Уқоби қуллаҳои некномӣ” бахшида ба 65-солагии шоири шаҳири тоҷикшодравон Махсум Олимӣ адабиётшиноси, докториилмҳои филология, профессориДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нуралӣ Нурзод маърӯза намуд.Зикр гардид, ки шодравон Махсум Олимӣ, шоире озодаву вораста ва ринде порсон барои мо хонандагони мактаби солҳои ҳаштодум ва аввалин донишҷӯёни замони истиқлол ошно буд. Нуралӣ Нурзод дар идомаи сӯҳбат таъкид дошт, ки “Воқеан, агарчи шеъри Махсум Олимӣ аз соддагиву равонии хосае бархурдор аст, аммо таҳқиқ дар ҷанбаҳои ҳунарии он метавонад нуктаҳои дигареро ҳам барои мо ҷилвагар созад, ки падидаҳои нотакрори ҳунарӣ каломашро хеле пурҷозибаву боназокат гардонидаанд. Ӯ ба ҷаҳони омадшуд бо нигоҳе ба худ хос назар меафканад ва ҳатто гоҳе дар ҳолу ҳавои муайян ва махсуси хеш ҷаҳонро ба гиря ё дар ҳоли ашк рехтан мебинад ва ҳатто ба ҷое мерасад, ки худи ҳолати муқаррарии инсонӣ- ханда ҳам дар нигоҳи мард ё инсони озурда ташнаву ташнаҷон ба гиря меояд”.

Раиси суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири Халқии Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзод хотираҳои равшани худро аз нишасту мулоқотҳои хеш бо шоири шодравон Махсум Олимӣ баён кард. Ӯ бештар аз ҷавонмардиву ҳиммати баланд ва инсонгарии шоир ёд намуд.

Дар суханронӣ ва шеърхониихудшоираи ширинкалом Сурайё Ҳакимова низ аз шеъри Махсум Олимӣ ёд кард ва силсилаи шеърҳои нави худро қироат кард.

Шеърхонии шоирон Баҳром Мирсаидов ва Шаҳриёр Олимӣ ба маҳфил ҳусни тоза бахшид. Сарояндаи хушнаво Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейнҷон Юсупов чанд суруди навро аз ашъори Хоҷа Камоли Хуҷандӣ ва Махсум Олимӣ барои ҳозирин эҳдо намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ