Дутори дарвозӣ ва мавқеи он дар эҷодиёти ҳунармандон
Бо ибтикори кафедраи таърих, назария ва методикаи таълими мусиқӣ ба номи профессор Ҳакимов Н.-и факултети санъат дар ҳошияи ҳафтаи илм семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Дутори дарвозӣ ва мавқеи он дар эҷодиёти ҳунармандон» бо иштироки устодону донишҷӯён ташкил ва баргузор гардид.
Дар семинар мазмун ва муҳтавои маърўза муфассалу мушаххас ба тарзи назариву амалӣ баррасӣ гардид. Ҳамчунин, доир ба хусусиятҳои дутори дарвозӣ, тафовут аз дутори маъмулӣ, истифода ва мавқеи он дар эҷодиёти ҳунармандон маълумот дода шуд. Қайд гардид, ки дутори дарвозӣ хоси минтақаи ҷануб ва ноҳияи Дарвоз буда, дар эҷодиёти ҳунармандони маъруф ба монанди Акашариф Ҷўраев, Қандил Ҷўраев, Исмоил Назриев мавқеи махсус дошта, хусусиятҳои сабку услуби минтақаи мазкурро ифода менамояд. Дар қисмати музокира иштирокчиён ба саволҳои худ оид ба қонуниятҳои ҷўршавӣ, имконияти диапазон ва дастаи пардабандии қаторовози дутори дарвозӣ посух гирифтанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил