​Донишҷӯёни кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ аз осорхона дидан намуданд

Донишҷӯёни соли якуми кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ таҳти роҳбарии мудири кафедра дотсент Қосимова Марҳабо аз Осорхонаи донишгоҳ дидан намуданд.

Ин ташаббус ҷиҳати шинос намудани донишҷӯёни соли аввал бо таърихи донишгоҳ ба муносибати 90-умин солгарди таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба роҳ монда шуд.

Ба донишҷӯён дар бораи таърихи таъсис ва марҳилаҳои рушди донишгоҳ маълумот дода шуд.

Ҳамзамон, донишҷӯён дар бораи шахсиятҳо, устодон ва сарварони донишгоҳ, ки дар рушду пешрафти муассиса саҳми муассир гузоштаанд, иттилоъ дарёфт намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ