Донишҷӯёни ихтисоси экологияи умумӣ диктант ва тест супориданд

Бо ташаббуси намояндагии Маркази илм ва фарҳанги Русия - “Россотрудничество” дар факултети геоэкология ва туризми донишгоҳ миёни донишҷӯёни ихтисоси экологияи умумӣ диктант ва тест гузаронида шуд.

Мақсад аз ин ташаббус боланд бардоштани сатҳи дониши тахассусии донишҷӯёни риштаи экология унвон мешавад.

Гуфта мешавад, ки ин ташаббус ҳамасола дар тамоми қаламравии Федератсияи Русия гузаронида шуда, ҳавасмандон имкони иштирок тариқи онлайнӣ низ доранд.

Тибқи маълумоти масъулини Маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Хуҷанд иштирокчиёне, ки соҳиби холи бештар мешаванд, соҳиби шаҳодатнома мегарданд.

Интизор меравад, ки донишҷӯёни ихтисоси экологияи умумӣ низ, ки бали гузариш ва натиҷаи хубро соҳиб шудаанд, бо чунин шаҳодатнома қадр мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ