​Донишҷӯёни донишгоҳ соҳиби роҳхат ба “Ҷоми ҷаҳон – Enactus 2024” гардиданд

Дирӯз дар шаҳри Хуҷанд озмуни ҷумҳуриявии "Беҳтарин лоиҳаи соҳибкорӣ" бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии пирях ва Рӯзи умумиҷаҳонии об байни донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд ташкил ва баргузор гардид.

Озмуни мазкур аз рӯи самтҳои “Ҳифзи муҳити зист”, “Пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим”, “Истифодаи самаранокии оби тоза”, “Дастрасии гурӯҳҳои осебпазир ба таҳсил” ва “Соҳибкории иҷтимоӣ” баргузор гардид.

Дастаи "Enactus"-и донишгоҳ 3 лоиҳа оид ба фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои одамони бекор дар маҳалҳо, ба иҷора додани ҳуҷраҳои хонаҳои истиқоматӣ ва пешниҳоди дигар хизматрасониҳо барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ, ҷамъоварӣ ва коркарди матоъ ва партов, самаранок истифодабарии замин ва роҳҳои рӯёнидани маҳсулот дар хонаҳои баландошёна ва дубора коркарди чатрҳои вайроншуда пешниҳод намуда, соҳиби роҳхат ба "Ҷоми ҷаҳон – Enactus” ва 5000 сомонӣ маблағи пулӣ соҳиб гардид.

Бояд қайд кард, ки “Ҷоми ҷаҳон – Enactus” санаҳои 2-4 октябри соли 2024 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон байни дастаҳои 37 давлати ҷаҳон доир мегардад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ