​Донишҷӯёни бахши рӯзноманигорӣ аз осорхона дидан намуданд

Як гуруҳ донишҷӯёни кафедраи иттилоот ва технологияҳои робитавии факултети филологияи тоҷик аз Осорхонаи донишгоҳ дидан намуданд. Ин иқдом ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии донишҷӯён ва тавсеаи саводи онҳо вобаста ба таърихи таъсис, ташаккул ва марҳилаҳои рушди донишгоҳ ба роҳ монда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ташаббуси мазкур таҳти роҳбарии мудири кафедра Бобоҷонова Мутриба бо ҷалби донишҷӯёни соли якуми ихтисоси иттилоот ва робита ва web-рӯзноманигорӣ роҳандозӣ гардид.

Мудири Осорхонаи донишгоҳ Юлдошев Рустам ба донишҷӯён доир ба таърихи донишгоҳ, заминаҳои таъсис ва рушд, ҳайати кадриву иқтидори илмӣ маълумоти муфассал дод.

Ҳамзамон, донишҷӯён низ дар навбати худ доир ба донишгоҳ суолҳо манзур намуда, посухи муфассал гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ