​Донишҷӯён очерки сафариро омӯхтанд

Ӯғулой Қосидова, дотсенти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума ин навбат дар доираи дарс мавзӯи "Очерки сафарӣ" –ро барои донишҷӯёни соли сеюм шарҳ дод.

Дар доираи дарс омӯзгор аз усули фаъоли таълим кор гирифта, аз таҷҳизотҳои муосири техникӣ мавриди истифода қарор дод.

Ба донишҷӯён талабот ва масхусиятҳои жанрии очерки сафарӣ фаҳмонида шуда, ҳадаф ва намунаҳои ин жанр баён шуд.

Омӯзгор бо мисолҳои муҳиму муфид роҳҳои таҳияи ҷолиби очерки сафариро барои донишҷӯён омӯзонида, аз осори адибону нависандагон намунаҳо манзур кард.

Истифода аз намунаҳо ва таҳлили талаботҳои жанрии очерки сафарӣ имкон дод, ки донишҷӯён мавзуъро хуб дарк намуда, доираи фаҳмиш, дониш ва ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд.

Дар фарҷоми дарс ба донишҷӯён супориш дода шуд, ки аз ин ё он сафари худ очерк таҳия намоянд.

Гуфта мешавад, ки чакидаҳои қалами донишҷӯён дар мавриди таҳияи очерки сафарӣ дар дарси амалӣ таҳлил ва мавриди баҳогузорӣ қарор мегирад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ