​Донишҷӯён бо забони фаронсавӣ дарси кушод гузарониданд

Бо иқдоми сармуаллими кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ Темуров Муқим бо донишҷӯёни соли якуми факултети забонҳои шарқ дарси кушод гузаронида шуд.

Дарс ба мавзӯи “Оилаи ман” бахшида шуда, дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба роҳ монда шуд.

Дар дарси кушод мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ дотсент Қосимова Марҳабо, муовини декан оид ба илм ва иноватсия дотсент Оқилова Ҳилола, муовини декан оид ба тарбия муаллим Раҳимов Басирҷон ва дигар омӯзгорон иштирок карданд.

Дар доираи дарс бозиҳои интерактивӣ ва озмунҳои ҷолиб гузаронида шуданд. Донишҷӯён дар дарс иштироки фаъол доштанд ва бо муаллими дарсдиҳанда робитаи қавӣ назаррас буд.

Забономӯзии донишҷӯён шоистаи таҳсин буд, зеро онҳо дар муддати кӯтоҳ забони фаронсавиро аз худ намуда, бо ин забон бемалол баҳсу мунозира, саволу ҷавоб ва дар бораи оилаи худ тариқи муаррифинома маълумот доданд.

Дар итмоми дарс ба донишҷӯён вазифаи хонагӣ супорида шуд. Вазифаи хонагӣ ба таври онлайн ба устод супорида мешавад, ки ин яке аз воситаҳои муосири ҷалби диққати донишҷӯён ба ҳисоб меравад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ