Донишҷӯён аз Осорхонаи ҷумҳуриявии Бобоҷон Ғафуров дидан намуданд

Бо ташаббуси садорати факултети Санъати тасвирӣ ва дизайн донишҷӯёни соли якуми ихтисоси “Санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ. Дизайни графикӣ” аз Осорхонаи ҷумҳуриявии Бобоҷон Ғафуров дидан намуданд.

Ин иқдом бо мақсади шиносоӣ ва эҳтиром гузоштан ба ёдгориҳои таърихӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллии донишҷӯён ба роҳ монда шуд.

Ходими илмии осорхона Ҳоҷибоева Муқаддам ба донишҷӯён дар баробари боздид аз осорхона, инчунин бо мавод, лавозимот ва ашёҳое, ки аз шаҳри Маскави Федератсияи Русия ба осорхонаоварда шудаанд, шинос намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ