​Донишҷӯён аз осорхонаи донишгоҳ дидан карданд

Донишҷуёни факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ таҳти роҳбарии муаллимаи кафедраи педагогика ва психологияи томактабӣ Зоидова Сабоат аз осорхонаи донишгоҳ боздид намуданд.

Мудири осорхонаи донишгоҳ Юлдошев Рустам, донишҷӯёнро бо таърихи донишгоҳ шинос намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки Донишкадаи олии омӯзгории Хуҷанд фаъолияти худро моҳи сентябри соли 1932 оғоз намуда, бо фармони Раёсати Шӯрои ҶШС Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1938 номи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номиСергей Мирович Кировро гирифтааст.

“Соли 1991 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишгоҳ бо номи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров номгузорӣ шуд” – гуфта шуд ба донишҷӯён.

Ҳамзамон, донишҷӯён бо фаъолияти олимон ва профессорони донишгоҳ, ки барои рушди донишгоҳ саҳм гузоштаанд, шинос шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ