Донишҷӯён аз Қасри маданияти Арбоб дидан намуданд

Донишҷӯёни факултети забонҳои шарқ аз Қасри маданияти Арбоб дидан намуданд. Ин ташаббусро масъулини садорати факултет бо мақсади таҳкими сатҳи огоҳӣ ва маърифати донишҷӯён доир ба таърих ва фарҳанги миллӣ ба роҳ монданд.
Ба донишҷӯён маълумот дода шуд, ки қасри маданияти Арбоб, таърихи он ва аҳамияти он ҳамчун рамзи сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон аҳамияти бузург дорад. Бунёди он бо кӯшиши Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ва Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев оғоз ёфта буд.
Таъкид рафт, ки Қасри Арбоб дар таърихи Тоҷикистон, махсусан дар давраи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва интихоби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ нақши муҳим дошт.
Ҳамчунин, бобати Осорхонаи Иҷлосия ва азнавсозии он сухан рафт, ки нигораҳои он аз шиносномаи Тоҷикистон то дастгоҳҳои аксбардорӣ ва сабти овозро дар бар мегиранд.
Маркази иттилоот ва таҳлил