Дифои муваффақонаи рисола муборак!

15-уми октябри соли 2021, соати 13:30 дар Шӯрои диссертатсионии Д737.004.03 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки номнавис дар КОА-и Федератсияи Русия мебошад, ҳимояи диссертатсияи Кенҷазода Манучеҳра Солеҳ зери унвони “Структурно-грамматические особенности простых предложений в современном таджикском литературном языке (на основе материалов современной прозы)” бахшида шуда, барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои филологӣ аз руйи ихтисоси 10.02.22 – Забонҳои халқҳои кишварҳои хориҷии Аврупо, Осиё, Африқо, аборигенҳои Амрико ва Австралия (забони тоҷикӣ) сурат гирифт.

Роҳбарият ва ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Кенҷазода Манучеҳра Солеҳро барои дифои бомуваффақияти рисолаи докторӣ самимона табрик гуфта, саломатӣ, сарбаландӣ, комёбӣ ва тавфиқи пайвастаро дар фаъолияти минбаъдаи роҳбарӣ ва илмиву эҷодиашон таманно менамояд.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки минбаъд низ дар роҳи илм қадамҳои устувор бардошта, дар рушди илми тоҷик саҳми муносиб хоҳанд гузошт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ