Деваштич: Мулоқоти ректорони муассисаҳои олии вилоят бо хатмкунандагон
Усмонзода Аюб Ислом, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров имрӯз дар доираи мулоқоти роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Деваштич дар бораи имконият, имтиёз ва шароити таҳсил дар донишгоҳ маълумот дод.
Ба хатмкунандагон оид ба теъдоди факултет, кафедра, ихтисос, биноҳои таълимӣ, сатҳи таълим, сифати таҳсилот, устодони соҳибунвон, гуруҳҳои русиву англисӣ ва ӯзбекӣ маълумоти муфассал дода шуд.
Гуфта шуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дорои 8 бинои таълимӣ буда, фаъолияти он дар 18 факултет ва 82 кафедра (аз ҷумла 5 кафедраи умумидонишгоҳӣ) ба роҳ монда шудааст. Дар донишгоҳ аз рӯи 99 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва аз рӯи 35 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ таҳсил ҷараён дорад.
Довталабон дар бораи шумора ва шароити лабораторияҳо, осорхона, синфхонаҳои таълимӣ, гербарий, дар маҷмуъ иқтидори донишгоҳ суолҳо манзур намуданд, ки ба он аз ҷониби ректори донишгоҳ посухи муфассал пешниҳод гардид.
P.s. Хотиррасон менамоем, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 109 сабт гардидааст.
Мо барои довталабон сифати баланди таълим ва ихтисосҳои муосиру ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнатро пешниҳод мекунем!
Маркази иттилоот ва таҳлил