​ДДХ: созандагӣ ва ободонӣ суръат дорад

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани рӯйдоди муҳими таърихӣ – 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози соли нави таҳсил корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ вусъати тоза дорад. Дар доираи ин ташаббус утоқҳои биноҳои таълимӣ аз таъмир бароварда шуда, ҳуҷраҳои нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Ташкили лабораторияҳои таълимию илмӣ аз зумраи тадбирҳои созандаву судманди раёсати донишгоҳ аст, ки дар меҳвари он баланд бардоштани савияи дониш ва татбиқи амалии донишҳои назариявии донишҷӯён қарор дорад. Аз ҷумла, 4 лабораторияи таълимию илмӣ дар факултетҳои физика ва техника, математика, биология-химия ва дар факултети санъати тасвирӣ ва технология арт - галерея ва синфхонаи нақшакашӣ ташкил шудааст.

Ҳамзамон, бо дастури роҳбарияти донишгоҳ ошёнаҳои 1 - 6-уми бинои таълимии №1 таъмири куллӣ ва ҷорӣ анҷом дода шуданд. Чунин иқдом дар бинои таълимии факултети таҳсилоти ғоибона дар ноҳияи Ҷаббор Расулов низ роҳандозӣ шудааст.



Иттилоъ дода шуд, ки дар саҳни биноҳои таълимӣ ба масоҳати 5000 м2 корҳои сангфаршкунӣ анҷом ёфта, тирезаҳои бинои таълимӣ ба пуррагӣ шишабандӣ гардиданд. Корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ дар бинои асосии донишгоҳ бомаром суръат дорад. Дар бинои асосии раёсати донишгоҳ бинои иловагӣ сохта ба истифода дода мешавад. Ҷиҳати зебо гардонидани намои биноҳои таълимии донишгоҳ саҳни ҳавлӣ чароғон шуда, катҳои нишаст низ гузошта шудаанд. Ин тадбирҳо ба муносибати Рӯзи истиқлоли давлатӣ ва ҳам ба муносибати 90 солагии таъсиси донишгоҳ идома доранд. Мақсад аз ин иқдом беҳтар намудани сатҳи фаъолияти донишгоҳ ва таъмини некӯаҳволии шароити зисту таҳсили донишҷӯён маҳсуб меёбад.

Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ дар пайравӣ аз сиёсати хирадгароёна ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагиро минбаъд низ идома хоҳанд дод.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ