​ДДХ: Соҳиби Шаҳодатномаи Маркази миллии патенту иттилоот

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар татбиқи барномаҳои давлатии солҳои 2020-2040 — “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва эълон намудани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» саҳми арзишманд гузошта меояд. Дар робита ба ин донишгоҳ бо пешниҳоди барномаи ҷадиди “Системаи таҳсилоти фосилавии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” соҳиби Шаҳодатномаи Маркази миллии патенту иттилоот гардид.

Ёдовар мешавем, ки барномаи мазкур аз ҷониби устоди ихтироъкору навовари донишгоҳ Ҷамшед Шарипов сохта пешниҳод гардида буд. Иттилоъ дода шуд, ки барномаи пешниҳод шуда, ба донишҷӯёни шуъбаи фосилавии донишгоҳ имкон медиҳад бо маводи таълимӣ дастрас ва дар як вақт ба тариқи онлайни санҷишу имтиҳонҳояшонро супоранд.

Дар барномаи “Системаи таҳсилоти фосилавии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” маводи дарсӣ аз рӯи бахшҳо ҷойгир карда шуда, ҳар як донишҷӯ бо рамзи махсуси худ ворид шуда, аз он метавонад фаровон истифода намояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ